Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Ҷоизаи байналмилалӣ тақдир намуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2018./АМИТ «Ховар»/.Ташкилоти Умиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.
Ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ рӯзи 31-уми май – дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии ин ташкилот ном бурдааст.
Дар баёнияи ТУТ омадааст, ки раҳбари Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо аз самтҳои асосии сиёсати худ қарор дод ва бо ташаббуси вай 2 январи имсол қонуне қабул шуд, ки кашидани тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ мекунад.
Тибқи ин қонун кашидани сигор ва нос дар тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ ба истиснои ҷойҳои таъйиншуда мамнӯъ аст. Рекламаи тамоку низ иҷозат нест. Теъдоди дақиқи сигору носкашҳо дар Тоҷикистон маълум нест ва садҳо ҳазор нафар ҳастанд, ки ба сигору нос одат кардаанд.
Дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 нафари дигар барои саҳмашон дар амри коҳиши истифодаи тамоку ё андешидани чораҳо барои маҳдуд кардани истеъмоли он барандагони ҷоизаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ шудаанд.








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






