Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад

Май 4, 2018 13:17

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе /ФБД/ 26 июни соли равон ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус имрӯз дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат муовини директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Аслиддин Меликов ҳангоми тасдиқи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар кардани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳиллаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ /JICA/ иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки алҳол тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ дар терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе идома доранд. Сохтмони Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе моҳи феврали соли 2017 оғоз гардида, лоиҳаи иншооти мазкур дар ду марҳилла татбиқ карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва JICA Созишномаи грантӣ ба имзо расонида шуд, ки тибқи он, Ҳукумати Япония барои сохтмони Терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 1,9 миллиард йен ё 17,5 миллион доллари ИМА ҷудо намуд.

31 майи соли 2017 Созишномаи нави грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва JICA ба имзо расид. Дар асоси созишномаи мазкур, Ҳукумати Япония барои анҷом додани сохтмони марҳилаи дуюми Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 3,2 миллион доллари ИМА ҷудо кард.

Ҳамзамон Аслиддин Меликов зикр намуд, ки 19 июли соли 2017 байни Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати “ДАИ Ниппон Констракшн” барои амалисозии қисми дуюми сохтмони терминали боркашонӣ, хусусан барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминал қарордод ба имзо расонида шуд. Дар ин росто, моҳи декабри соли гузашта сохтмони марҳилаи дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе оғоз гардид.

Маблағи умумии татбиқи лоиҳа бо назардошти марҳилаи дуюм 20,8 миллион доларро ташкил дода, алҳол 15 миллион доллар ё 72,1 дарсади маблағи лоиҳа амалӣ карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки бунёди Терминали наву муосири боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ, баланд бардоштани иқтидори боркашонӣ, ба бозори дохили ҷалб намудани ширкатҳои хориҷии таҳвилдиҳандаи бор, афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ ва дар маҷмӯъ, барои бунёди шабакаи хатсайрҳои транзитӣ дар фурудгоҳи мазкур заминаи мусоид фароҳам меорад.

Май 4, 2018 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд