Ҳайати Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вориди шаҳри Душанбе шуд

Июнь 12, 2018 09:40

ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати меҳмонони Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси Хадамот Ихтиёр Абдуллоев бо сафари корӣ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе  роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарварии раиси Кумита Саймумин Ятимов пешвоз гирифтанд.

Дар назар аст гуфтушунидҳои роҳбарони хадамоти махсуси ҳарду мамлакати дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар масъалаҳои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубодилаи иттилоот, тақвияти мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳонӣ сурат гирифта, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо шавад.

Бояд гуфт, ки меҳмонон зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос мешаванд.

Июнь 12, 2018 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад