Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанберо қариб 300 нафар хабарнигорон инъикос мекунанд

Июнь 1, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 01.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Шӯрои  роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ-ро, ки айни замон дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷараён дорад, қариб 300 хабарнигори хориҷӣ инъикос доранд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд хабар медиҳад, рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои хабарии давлатҳои ИДМ ҷараёни баргузории ҷаласаро дар маркази матбуот, ки дорои тамоми шароити танзим ва пахши хабару гузоришҳо мебошад, пайгирӣ менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки дар  ҷаласаи Шӯрои  роҳбарони ҳукуматхои ИДМ Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Андрей Кобяков,  Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон  Бахитжан Сагинтаев,  Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммадкалӣ Абилгазиев, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Ягуб Эюбов, муовини Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва дигарон иштирок доранд.

Дар ҷаласа ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ  Сергей Лебедев ширкат меварзад.

 

Июнь 1, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон