БӮРЁКӮБОН МУБОРАК! Волидайни тифли 9-миллиона ба манзили нав кӯчиданд

Июнь 4, 2018 16:41

ДУШАНБЕ, 04.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз волидайни тифли 9-миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба манзили нави худ, ки дар яке аз биноҳои навбунёди истиқоматии ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  дар суроғаи  хиёбони Рӯдакӣ, хонаи 130, ҳуҷраи 17   воқеъ  гардидааст,  кӯчиданд. Оилаи хуштолеъро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ намуданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  тибқи  қарори Раиси шаҳр  Рустами Эмомалӣ  ба волидайни ин тифлаки хуштолеъ  дар маркази пойтахт хонаи  сеҳуҷрагӣ  ҷудо гардида,  навхонадорон  бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда шуданд.

 

Хотиррасон менамоем, ки тифли 9- миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 06:30-и субҳи 26 майи соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи  №1-и шаҳри Душанбе» ба дунё омада, модари тифл сокини шаҳри Душанбе Назира Муллоҷонова мебошад. Вазни духтарча 3 килограмму 600 грамм буда, қадаш 51 сантиметр мебошад. Ҳолати кўдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 8/9 хол баҳо дода шудааст.

Калиди хонаи нави сеҳуҷрагӣ ба волидайни ин тифл дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ ҳанӯз дар таваллудхона тақдим гардида буд.

Назира Муллоҷонова дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  ба ҳайси мутахассис фаъолият мекунад. Фарзанди дуюми ӯ аҳолии  кишварро ба 9 миллион нафар расонид.

Волидайни тифл  ба хонаи нави худ кӯчида, ба Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва туҳфаи арзишманд арзи сипос намуданд.

 

 

Июнь 4, 2018 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд