БӮРЁКӮБОН МУБОРАК! Волидайни тифли 9-миллиона ба манзили нав кӯчиданд
ДУШАНБЕ, 04.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз волидайни тифли 9-миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили нави худ, ки дар яке аз биноҳои навбунёди истиқоматии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, хонаи 130, ҳуҷраи 17 воқеъ гардидааст, кӯчиданд. Оилаи хуштолеъро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ намуданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба волидайни ин тифлаки хуштолеъ дар маркази пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо гардида, навхонадорон бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки тифли 9- миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 06:30-и субҳи 26 майи соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе» ба дунё омада, модари тифл сокини шаҳри Душанбе Назира Муллоҷонова мебошад. Вазни духтарча 3 килограмму 600 грамм буда, қадаш 51 сантиметр мебошад. Ҳолати кўдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 8/9 хол баҳо дода шудааст.
Калиди хонаи нави сеҳуҷрагӣ ба волидайни ин тифл дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ ҳанӯз дар таваллудхона тақдим гардида буд.
Назира Муллоҷонова дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ҳайси мутахассис фаъолият мекунад. Фарзанди дуюми ӯ аҳолии кишварро ба 9 миллион нафар расонид.
Волидайни тифл ба хонаи нави худ кӯчида, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва туҳфаи арзишманд арзи сипос намуданд.


















Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






