Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 дар шаҳри Конибодом

Июнь 27, 2018 07:34

ДУШАНБЕ, 27.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллатро сокинони шарафманди шаҳри Конибодом бо самимияти хоса ва шукргузории беандоза аз фазои сулҳу суботи саросарии Ватани маҳбуб истиқбол гирифтанд.

Дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-ро дар фазои тантанавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст.

Сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 дар деҳаи Ҷаҳонзеби шаҳри Конибодом дар асоси супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мусоидат ба раванди бонизоми таълим, моҳи марти соли 2016 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардида буд. Маблағи умумии бунёди иншоот 12,8 миллион сомониро ташкил дода, пудрачии корҳои сохтмонӣ ҶДММ КММ №44-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Бинои нави сеошёна аз 22 синфхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 200 нафар, устохонаҳои таълимӣ барои писарону духтарон, ошхона бо 90 ҷой, китобхона бо толори хониш ва бинои алоҳида барои маҳфили рӯзгордорӣ иборат буда, аз нуқтаи ягонаи гармидиҳӣ бо гармӣ таъмин карда мешавад.  Бино барои 1320 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи омӯзгорону шогирдон ва падару модаронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба ифтихори ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат самимона таҳният гуфтанд ва ба мактаббачагон дар ҷодаи азхудкунии илмҳои замонавӣ комёбиҳо орзу намуданд.

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 дар шаҳри Конибодом 27.06.2018

Июнь 27, 2018 07:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон