Барои идомаи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 30.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе» миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки мазкур Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, санади мазкур ҳамкории тарафайнро дар доираи ин Лоиҳа фаро гирифта, дар асоси он барои навсозӣ ва таъмири низоми обтаъминкунии пойтахт аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дарёфти маблағҳои грантӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба санади мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва Роҳбари гурӯҳи татбиқи Лоиҳа, сармутахассиси Бонки Осиёии Рушд оид ба инфрасохтори шаҳрдорӣ Рамола Сингру имзо гузоштанд.








Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






