Дар маҳаллаи “Бадахшон 2”-и шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт

Июнь 23, 2018 10:22

ДУШАНБЕ, 23.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи “Бадахшон 2”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе майдончаи варзишии  замонавиро ба истифода супорид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар маросими кушодашавии майдончаи варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи майдонча волонтёрҳои назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои  хориҷӣ хайрамақдам гуфтанд.

Сохтмони майдончаи мазкур дар давоми 3 моҳ бо харҷи 540 ҳазор сомонӣ сохта шуда, масоҳати умумиаш 720 метри квадратиро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур аз майдончаҳои футбол, волейбол, баскетбол ва ташноб иборат мебошад. Ҳамзамон дар шафати майдончаи варзишӣ гулгашти зебое бунёд гардида, дар он баҳри дилхушии кӯдакону наврасон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар дохили майдончаи варзишӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки меҳмонону сокинони маҳаллаи мазкур аз он дидан намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба сатҳи корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, зикр намуд, ки иншооти мазкур ба наврасони маҳаллаи Бадахшони ноҳияи Шоҳмансур дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ туҳфаи арзанда мебошад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода аз кумаку ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли наврас ва саҳми арзандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва  тақвияти тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин ҳама ба шарофати сулҳу субот дар кишвар ба вуқӯъ мепайвандад.

Қобили зикр аст, ки майдончаи варзишии мазкурро Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамбастагӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бунёд намуд.

Июнь 23, 2018 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ