Дар натиҷаи сӯхтор дар тарабхонаи «Шукрона» талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст

Июнь 29, 2018 08:40

ДУШАНБЕ, 29.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар натиҷаи сӯхтор дар боми тарабхонаи «Шукрона» ҳеҷ кас ҷароҳат набардошт ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, соати 08:16-и субҳи дирӯз дар боми тарабхонаи «Шукрона», мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Топаз», воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш, 59-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки ба соҳибмулк Гадоев Ҳайдаралӣ Юсупович, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад.

Пас аз қабули хабар фавран ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор 12 адад нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуданд. Ҳангоми соати 08:20 ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон маълум гардид, ки дар масоҳати 200 метри мураббаъ алангаи оташ болопӯши боми бинои  тарабхона ва ошёнаи 3-юми онро фаро гирифтааст.

Дар натиҷаи амалиёти саривақтии ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва кормандони милитсия сӯхтор дар масоҳати аввалааш соати 09:18 пурра хомӯш карда шуд. Ашёи дохили бинои тарабхона, молу амволи шаҳрвандон ва хонаҳои истиқоматии атрофи маҳалли ҳодиса аз тарафи оташнишонон эмин нигоҳ дошта шуданд.

Зикр гардид, ки таҳқиқи сӯхтор аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва қисми оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансур идома дошта, сабаб ва зарари сӯхтор  муайян карда мешаванд.

Бояд ёдовар гардид, ки рӯзҳои охир дар биноҳо, тарабхонаҳо, манзилу каҳдон ва дигар ҷойҳои истиқоматӣ ҳодисаҳои сӯхтор зуд-зуд ба амал меоянд. Агар як сабаби сӯхтор беэҳтиётӣ, нодуруст пайваст кардани ноқилҳои барқӣ бошад, сабаби дигари он нодида гирифтани ҳолати бо оташ бозӣ кардани кӯдакон аз ҷониби волидайн мебошад.

АМИТ «Ховар» тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик таҳлили муфассали омилу сабабҳои ба амал омадани сӯхтор ва роҳҳои пешгирии онро дар гузориши муфассал пешниҳоди хонандагон намояд.

 

 

Июнь 29, 2018 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад