Дар ноҳияи Ашт корхонаи коркарди санги хоро ба истифода дода шуд

Июнь 11, 2018 15:55

ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт корхонаи коркарди санги хоро мавриди истифода қарор гирифт, ки  дар он 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  корҳои сохтмонии ин корхона моҳи апрели соли 2018 бо маблағи лоиҳавии 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Абдулҳақ Бобоҷонов оғоз гардида, июни соли 2018 ба итмом расиданд. Корхона дар 1 сол то 3000м2 санги хороро коркард ва истеҳсол менамояд. Захираи ашёи хом зиёда аз 158 ҳазор м3 мебошад. Таҷҳизоти замонавии коргоҳ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид ва насб гардидааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳи коргоҳи мазкурро барои сокинони ноҳия дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ туҳфаи хуб арзёбӣ кард. Мавсуф ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки доираи фаъолиятро марҳила ба марҳила васеъ намуда, барои ташкили ҷойҳои кории иловагӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намояд.

Июнь 11, 2018 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад