Дар Парлумони мамлакат Стратегияи рушди низоми пардохт баррасӣ гардид

Июнь 12, 2018 10:45

ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Назорати татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохт, насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеи кортҳо» дар ҷаласаи «Хониши парлумонӣ», ки имрӯз дар ҳузури муовини аввали Раиси Маҷлиси  намояндагон  Абдуҷаббор Азизӣ доир гардид, баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки масълаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, гузаронида мешавад.

Гуфта шуд, ки низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ мебошад, ки фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетиро бо сари вақту бехатар гузаронидани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот таъмин намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ барои вусъат додани истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ дар савдои чакана ва қабули онҳо ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо бояд тадбирҳои зарурӣ андешад. Чунки таъмини фаъолияти устувору бехатари низоми пардохти кишвар ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ яке аз мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон буда, омили муҳими таъмини суботи низоми молиявии кишвар маҳсуб меёбад.

Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рӯи ин масъала ҳамзамон муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ибрози назар намуд.

Ҳамзамон байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон музокироти  судманд сурат гирифт.

Июнь 12, 2018 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид