«Дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳар яки мо саҳми босазо гузошта метавонем!» — бардошт аз конфронси илмӣ-назариявӣ дар шаҳри Ваҳдат
ВАҲДАТ, 30.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ ва ташаббускори иқтисоди сабз» конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронс омӯзгорону хонандагони Коллеҷи мазкур дар мавзӯъҳои «Рушди туризм ва роҳҳои такмилдиҳии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ташкили ҳудудии туризм ва дурнамои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Технологияи информатсионии муосир дар рушди туризм», «Ҷавҳари ҳастии оби тоза ва роҳҳои ҳалли он», «Муаммоҳои мушкилоти об дар Тоҷикистон ва роҳҳои бартараф намудани он» ва «Тоҷикистон минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» маърӯза карданд.
Маърӯзачиён аз ҷумла, зикр карданд, ки ҳар яки мо бояд моҳияти ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 –ро амиқ дарк намуда, дар амалишавии он нақши босазо гузорем.
«Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат на танҳо шаҳрвандони моро бо ҷойи кор таъмин менамояд, балки дар тарғиби фарҳангу таърихи бою қадимаи миллати мо ба ҷаҳониён мусоидат менамояд», — афзуданд иштирокдорони конфронс.
Дар фарҷоми конфронс оид ба мавзӯъҳои мавриди назар мубодилаи афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






