Дар шаҳри Бӯстон маркази савдои «Самарқанд» ифтитоҳ шуд

Июнь 8, 2018 09:32

ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи таҳкими равобити дӯстонаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  маркази савдои «Самарқанд» ба истифода дода шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи маркази савдои мазкур раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён  ва дигарон иштирок  намуданд.

Зикр шуд, ки ин иқдоми соҳибкорони шаҳри Бӯстон дар заминаи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоати кишвар, ки зимни он мардум ба бунёдкорию созандагӣ ва анҷом додани корҳои хайру савоб даъват карда шуданд, ба миён омад.

Маркази савдои «Самарқанд» яке аз калонтарин марказҳои савдои шаҳри Бӯстон ба ҳисоб рафта, сокинон имкони бо нархҳои дастрас харидани маҳсулоти ниёзи аввалро пайдо мекунанд.

Бояд гуфт, ки ин маркази савдо бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Ёдгор Мамадов ва Абдулҳай Шарипов таҷдид ва навсозӣ гардида, дар он 15 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Июнь 8, 2018 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад