Дар шаҳри Бохтар нуқтаи фурӯши маводи мухаддир ошкор гардид

Июнь 22, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони шуъбаи фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон ҳангоми баргузории чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар шаҳрванд Давлатов Баҳриддин Раҳмонович, зодаи ноҳияи Восеъ, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир карда шуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Абдуллозода иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки ҳангоми кофтуков аз зери камарбанди дастгиршуда ду адад халтаи полиэтилении шаффоф гирифта шуд, ки дар дохили он 21 грамм маводи нашъаовари навъи афюн пинҳон карда шуда буд.

«Дар ҷараёни азназаргузаронии хонаи истиқоматии Давлатов Б., ки дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев, хонаи 33 ба иҷора гирифта буд, 11 бастаи полиэтилении дигар бо маводи нашъаовари навъи афюн ёфт ва мусодира гардид. Дар боғи наздиҳавлигии хонаи мазкур аз зери замин пакети полиэтиленӣ пайдо карда шуд, ки дар онҳо низ маводи нашъаовари афюн пинҳон карда шуда буд. 50-60 метр дуртар аз пинҳонгоҳи мазкур боз як пакети полиэтилении шаффоф ёфт гардид, ки дар он маводи сахттаъсири навъи героин ҷой карда шуда буд».-хабар дод сухангӯи Агентии мазкур.

Ҳамин тариқ, мутобиқи маълумотномаи шуъбаи экспертизаи судӣ маводи аз Баҳриддин Давлатов мусодирашуда дар маҷмӯъ 4 кг 64 граммро ташкил дод.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбат ба гумонбаршуда Давлатов Баҳриддин Раҳмонович тафтиши пешакӣ идома дорад.

Бино ба маълумоти тафтишоти пешакӣ, Баҳриддин Давлатов фурӯши маводи нашъадорро байни донишҷӯён ва ҷавонон ба роҳ монда, мехост аз ин роҳи ҷиноятӣ маблағ ба даст орад.

Июнь 22, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад