Дар Суғд ба маблағи 3,3 млн сомонӣ маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва хатарнок ошкор гардид

Июнь 9, 2018 10:25

ХУҶАНД, 08.06.2018  /АМИТ «Ховар»/. Дар миқёси вилояти Суғд дар давраи соли 2017 ва 4 моҳи соли 2018 аз тарафи гурӯҳи кории прокуратураи вилоят 604 ҳолати тариқи қочоқ ворид шудани маҳсулоти хӯрокӣ ошкор гардидааст. Ин нукта зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ки вобаста ба натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мубориза бо қонунвайронкуниҳои гумрукӣ дар қисмати пешгирии воридот, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ, аз ҷумла, пастсифат ва барои ҳаёту саломатии инсон хатарнок, ки дар бинои прокуратураи вилояти Суғд зери раисии прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3-юм Ҳабибулло Воҳидов доир гардид, баён гашт.

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар кори ҷаласа муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, роҳбарони сохторҳои марбута, аз ҷумла прокуратураи вилоят, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, раёсатҳои гумрук, Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов вобаста ба масъалаи ҷаласа зикр дошт, ки тибқи нишондоди санҷишҳои прокурорӣ, баъзе соҳибкорон то ҳол бар хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бехатарии маҳсулоти хӯроквориро ба танзим медароранд, ба воридот, истеҳсол ва хариду фурӯши маҳсулоти хӯрокии пастсифати истеҳсоли ватаниву хориҷӣ машғул мешаванд. Онҳо тариқи қочоқ маҳсулоти хӯрокӣ, аз қабили орд, равған, шакар, гӯшти қима, маҳсулоти орду қаннодӣ, меваҳои тару хушк, нӯшокиҳои ташнашикан, афшураҳои мева, машруботи спиртии гуногун ва дигар маҳсулотро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, бидуни сертификатсиякунонӣ, хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ, байторӣ ва дигар хулосаҳои дахлдор ба қаламрави кишвар ворид менамоянд, ки истеъмоли он сабаби хатар ба саломатии инсон мегардад.

Ба иттилои Ҳ.Воҳидов, дар давраи соли 2017 ва 4 моҳи соли равон аз тарафи гурӯҳи кории прокуратураи вилоят 604 ҳолати тариқи қочоқ ворид шудани маҳсулоти хӯрокӣ, ки асосан аз Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути минтақаҳои сарҳадии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов ва Спитамен ворид мешаванд, ошкор гардида, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Ҳамчунин дар давраи таҳлилӣ нисбат ба 197 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 2464 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбат ба 161 нафар бо моддаҳои 209 ва 294 КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд.

Соли 2017 аз ҷониби кормандони раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд 485 ҳолати қонуншикании гумрукӣ вобаста ба интиқоли ғайриқонунии 38 намуди молу маҳсулот ошкор гардида, ба маблағи 1 млн 57 ҳазор ҷарима ва 190 ҳазору 615 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуданд. Инчунин дар 5 моҳи соли 2018  172 ҳолати қонуншикании гумрукӣ вобаста ба интиқоли ғайриқонуни маҳсулоти хӯрокӣ ошкор гардида, дар натиҷа ба маблағи 240 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, молҳо ба маблағи 625 ҳазору 825 сомонӣ пурра мусодира карда шуданд.

Дар маҷмӯъ дар давраи таҳлилӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 274,6 тонна ва 42,8 ҳазор литр маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва барои ҳаёту саломатии инсон хатарнок ба маблағи 3,3 млн сомонӣ ошкор шуда, аз муомилот гирифта, нобуд карда шуданд.

 

Июнь 9, 2018 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Интернет барои хона» Steam-ро вусъат мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад