Дар Таваллудхонаи вилояти Суғд чоргоник ба дунё омад

Июнь 14, 2018 14:32

ХУҶАНД, 14.06.2018. /АМИТ «Ховар»/.  12 июн соати 20:40 дар Таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд чоргоник – се писар ва як духтар ба дунё омад. Модари ин чоргоникҳо зани 35-солаи сокини Ҷамоати Овчӣ–Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Назокат Ҳодибоева мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар»  аз  Таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд  иттилоъ доданд,  кӯдакони навзод пеш аз муҳлати таваллуд, яъне дар ҳафтаи  35-умини  ҳомиладорӣ тавлид ёфта, вазни чоргоникҳо, яъне писарчаи якум- 2760 гр, дуюм 2190 гр, сеюм- 2057 гр ва вазни духтарча 1700 гр мебошад. Ҳоло навзодон дар шуъбаи эҳёи навзодони таваллудхона таҳти назорати бевоситаи духтурон қарор дошта, ҳолати худи зан қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Тавре Назокат Ҳодибоева баён медорад, то кунун дар оилааш ду писар ва ду духтарро ҳамроҳи ҳамсараш ба воя расонида, имрӯз бо таваллуди ин чоргоникҳо шумораи фарзандонаш ба 8 нафар- 5 писар ва 3 духтар расид. Аз тавлиди чоргоникҳо ин модари хуштолеъ бисёр хурсанд буда, ният дорад ҳамаи фарзандонашро сиҳату саломат ба воя расонад, то онҳо дар оянда мутахассиси соҳибкасб гардида, номбардори Ватан бошанд.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дирӯз навзодонро аёдат намуда, ба чоргоникҳо  либоси кӯдакона, аробача ва дигар лавозимоти зарурии кӯдакона тақдим намуданд. Ҳамчунин масъулин баён доштанд, ки барои нигоҳубини кӯдакон ба модари навзодон кумак расонида мешавад.

Ба иттилои духтурони муассисаи мазкур, ин якумин тавлиди чоргоник  дар таърихи Таваллудхонаи вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, пизишкони таваллудхона кӯшиш доранд, ки модару навзодон саломат ба хона баргарданд.

Июнь 14, 2018 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад