Дастаи «Истиқлол» бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ғалаба кард

Июнь 5, 2018 08:51

ДУШАНБЕ, 05.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ду бозии   даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои   Лигаи олӣ  баргузор гардиданд. 

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар бозии аввал дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ  дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Ҳисобро Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 35-ум боз кард. Баъди се дақиқа Дилшод Восиев голи дуюмро ба ҳадаф расонид. Зимнан, ин аввалин пирӯзии  дастаи «Истиқлол» бо раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев мебошад.

Бозии дигар миёни дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Ёдовар мешавем, ки ду бозии дигари даври ёздаҳум Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон 5 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар — ССКА «Помир»-и Душанбе ва 9 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни дастаҳои футболи  «Барқчӣ» — «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир мегарданд.

Бояд  зикр кард, ки  дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа  дастаи  футболи  «Хуҷанд» бо 24 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаи  «Истиқлол», ки як бозӣ камтар гузаронидааст, бо 23 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Дастаи  футболи «Кӯктош»  бо 15 имтиёз ҷойи сеюмро ишғол намудааст.

 

Июнь 5, 2018 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад