«ДУШАНБЕШАҲР – МАСКАНИ ЗЕБОӢ ВА ОЗОДАГИСТ». Таҳти ҳамин унвон дар «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешавад

Июнь 4, 2018 18:00

ДУШАНБЕ, 04.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 5 июни соли 2018, соати 18:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбешаҳр – маскани зебоӣ ва озодагист» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ  доир  мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  барномаи мазкур ба мақсади таҷлили бошукӯҳи Рӯзи байналмилалии муҳити зист, ҳамзамон иҷрои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 нигаронида шудааст.

«Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол дар ин рӯз иди касбии худро ҷашн мегиранд. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар   барномаи фарҳангӣ-фароғатии  мазкур  маҳсули кори  дастӣ, ихтироъ ва навоварии донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо,  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ-техникии  пойтахт ва  дигар  дастовардҳои идораву муассисаҳои дахлдор  вобаста ба муҳити зист ба намоиш гузошта мешаванд. Дар қисмати фароғатии ин барнома  ҳунармандон бо суруду таронаҳои ҷолиб хотири ҳозиринро  болида  ҳоҳанд намуд», — афзуд  манбаъ.

Хотиррасон менамоем, ки Рӯзи умумиҷаҳонии  муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии СММ сарчашма мегирад. «Муроҷиатнома»-и мазкур 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расид. Дар ҳамон сол олимон бонги хатар заданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад.

Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шветсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт, ки дар кори он намояндагони 113 кишвар иштирок дошта, барои 5 июн ҷашн гирифтани Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист қарор қабул карданд.

Июнь 4, 2018 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд