«ДУШАНБЕШАҲР – МАСКАНИ ЗЕБОӢ ВА ОЗОДАГИСТ». Таҳти ҳамин унвон дар «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 04.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 5 июни соли 2018, соати 18:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбешаҳр – маскани зебоӣ ва озодагист» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи мазкур ба мақсади таҷлили бошукӯҳи Рӯзи байналмилалии муҳити зист, ҳамзамон иҷрои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 нигаронида шудааст.
«Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол дар ин рӯз иди касбии худро ҷашн мегиранд. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар барномаи фарҳангӣ-фароғатии мазкур маҳсули кори дастӣ, ихтироъ ва навоварии донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ-техникии пойтахт ва дигар дастовардҳои идораву муассисаҳои дахлдор вобаста ба муҳити зист ба намоиш гузошта мешаванд. Дар қисмати фароғатии ин барнома ҳунармандон бо суруду таронаҳои ҷолиб хотири ҳозиринро болида ҳоҳанд намуд», — афзуд манбаъ.
Хотиррасон менамоем, ки Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии СММ сарчашма мегирад. «Муроҷиатнома»-и мазкур 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расид. Дар ҳамон сол олимон бонги хатар заданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад.
Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шветсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт, ки дар кори он намояндагони 113 кишвар иштирок дошта, барои 5 июн ҷашн гирифтани Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист қарор қабул карданд.











Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






