«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН–ТАШАББУСКОРИ РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭЪМОРИ СУЛҲИ ТОҶИКОН». Таҳти ин ном дар Душанбе конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд

Июнь 25, 2018 14:40

ДУШАНБЕ, 25.06.2018  /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бахшида  ба  21-солагии Ваҳдати миллӣ   дар   Муассисаи давлатии «Душанбе –Плаза»   конфронси илмӣ-назариявӣ  таҳти унвони  «Эмомалӣ Раҳмон –  ташаббускори  ризоияти миллӣ ва эъмори сулҳи  тоҷикон»  баргузор  шуд. 

Дар  ҳамоиши  мазкур  намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,  олимону муҳаққиқон, арбобони давлатию ҷамъиятӣ ва намояндагони сохторҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ иштирок  доштанд.

Дар конфронс муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  зикр кард, ки  марҳилаи созиши миллӣ дар таърихи Тоҷикистон ҳодисаи фаромӯшнашаванда маҳсуб шуда,  дар ин марҳила нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Агар кӯшишу заҳматҳои доимии Пешвои миллат намебуданд, на танҳо ба созиш ва ваҳдати миллӣ намерасидем, балки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амсоли кишвари ҳамсоя — Афғонистон ба майдони тохтутозҳои бемаънии худхоҳони дохиливу хориҷӣ табдил меёфт. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷодаи сулҳофарӣ дар миқёси ҷаҳон ҳодисаи нодир маънидод шудааст.

«Фаъолияти созандаву бунёдкоронаи Президенти  мамлакат  барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд. Боварии комил дорем, ки миллати тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи мамлакат  таъмин карда мешавад»,- афзуд М.Муинӣ.

Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа  Масрур Абдуллозода  ва  муовини Раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудоба Мустаҷобова  доир ба мавзӯи мавриди назар ибрози андеша карданд.

Дар ҷараёни конфронс раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гавҳар Шарофзода   дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон –  ташаббускори  ризоияти миллӣ ва эъмори сулҳи  тоҷикон» маърӯза кард. Номбурда, аз ҷумла,

зикр кард, ки  имрӯзҳо тариқи телевизион  ба  мардумони  сарсону саргардони давлатҳои ҷангзадаи дунё, ки  ба хотири як бурда нон ва зинда мондан  иҷборан ба мулкҳои бегона мераванду чӣ қадар хориву зориҳоро аз сар мегузаронанд, нигариста,   шукронаи сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ  мекунем. Мояи ифтихор  аст, ки таҷрибаи  сулҳофариву ваҳдатсозии  Пешвои миллати мо  аз ҷониби ҷаҳониён мавриди   омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар конфронс ҳамчунин муовини  раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зубайдулло Алихонов  дар мавзӯи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон  дар таъмини сулҳу ризоияти миллӣ ва амнияти Тоҷикистони соҳибистиқлол»,  муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сайфулло  Сафаров «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ  дар Тоҷикистон»,  мудири  шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе   дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори ризоияти миллӣ ва кафили сулҳи тоҷикион»,  сардори Раёсати кор бо занон ва  оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар мавзӯи «Пешвои миллат –эҳёбахши рӯҳи зиндагӣ дар сарнавишти зани тоҷик» ва  мудири шуъба  оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар мавзӯи «Нақш ва риояи усули ахлоқӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ»  маърӯзаи  илмӣ карданд.

Маърӯзачиён, аз ҷумла, зикр  карданд, ки  Ваҳдати миллӣ  дар баробари Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу амнияти саросарӣ ва тамомияти арзии кишвар аз  арзишҳои муқаддас   маҳсуб  шуда, баҳри гиромидошти  он дар ҷумҳурӣ   Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо  нотиқон аз   суханронии   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Анҷумани 3-юми Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон чунин иқтибос оварданд: «Соҳибихтиёрии ҳар як кишварро асосан се арзиши муқаддас: истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа муайян месозанд. Аз ин рӯ,  Ваҳдати миллӣ – асоси бунёдии давлатдории миллӣ мебошад».

Дар фарҷоми конфронс байни иштирокдорони он мубодилаи афкор сурат гирифт.

Рухсораи Нур,
АМИТ «Ховар»

Июнь 25, 2018 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«САЙРИ ДУШАНБЕ». Шуруъ аз 25 май дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ фаъолият менамояд
Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукуҳ таҷлил мегардад
Рустами Эмомалӣ: «Ҷавонони далеру ғаюри мо дар ҳар лаҳза баҳри дифои марзу бум ва ҳифзи истиқлолияти мамлакат омода мебошанд»
Дар Душанбе бо мақсади рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ ҷаласа доир шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ ифтитоҳ мегардад
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД». «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон оғоз гардид
Озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» оғоз шуд
«БЕҲТАРИН РОЛИКИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмун оғоз ёфт
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Директори идории Хазинаи Байналмилалии Асъор Кристалина Георгиева мулоқот намуданд
Дар Душанбе масъалаи амалӣ намудани лоиҳаи системаи зеҳнии нақлиёт баррасӣ гардид
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Душанбе Фестивали ҳунармандон баргузор мегардад