Форуми «Занон ва об»: бонувон дар қатори мардон дар идоракунии захираҳои вобаста ба об мехоҳанд саҳмгузор бошанд

Июнь 19, 2018 14:05

ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 20-22 июни соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, Форуми «Занон ва об» доир гардид.

Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари минтақавии СММ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Академияи генералии Донишгоҳи байналмилалии илмӣ, Барномаи идораи оби Финландия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон (Fin Weter WEI  II) ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Дар оғози Форум муовини  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ  иброз дошт, ки «боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 марти соли 2018 дар  иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман оғоз шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди  ҳалли масъалаҳои марбут ба об бо роҳбарии Пешвои худ саҳми назаррас дорад.

Аз  пайдоиши ҷомеаи инсонӣ то кунун доир ба масъалаи об ва нақши он дар инкишофи оламу зиндагии рӯзмарраи инсоният сиёсатмадорон, коршиносон ва олимони соҳаҳои мухталиф андешаҳои худро иброз намудаанд. Дар  замони ҳозира дар ҷаҳон хавфи кам шудани оби ошомиданӣ ва нокифоя будани он барои инсоният, ифлосу заҳролудшавии захираҳои обӣ хеле босуръат идома дорад.

Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта иброз дошт, ки баробарии гендерӣ ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт бо ҳам алоқаманд мебошанд. Занону бонувон барои оилаҳои худ қувваи бузурги обтаъминкунанда ба ҳисоб рафта, тақрибан дар  як шабонарӯз се соат вақташонро барои бо об таъмин намудани  хонавода сарф  мекунанд. Ҳамаи ин на танҳо вақтро барои омӯзиш  ва иштироки занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа мегирад, балки аз сабаби интиқоли борҳои вазнину обкашонӣ ба инкишофи ҷисмонӣ ва саломатии занон таъсири манфӣ мерасонад, ки дар натиҷа духтарон ба фалаҷи  устухонҳо гирифтор шуда, тавлиди фарзанд ба онҳо мушкил мегардад».

Ба гуфтаи Пратибҳа Меҳта, ҷалби занон ба маблағгузорӣ ва банақшагирии системаҳои обтаъминкунӣ ва тозагӣ ҳалли мушкилоти рӯзмарра ва таъмини баробарии гендерӣ ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи иҷрокунандаи вазифаи директори Дафтари минтақавии СММ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ  Алия Ал-Ясир, «занон дар қатори мардон дар идоракунии захираҳои вобаста ба об мехоҳанд саҳмгузор бошанд.  Имрӯз намояндагии занон дар ташкилотҳои гуногун, донишу иштироки онҳо дар раванди қабули қарорҳо барои таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт, таъмини Ҳадафҳои рушди устувор муҳим мебошад. Имрӯз барои идоракунии самараноки захираҳои об зарур аст, ки малака, дониш ва саҳми занон дар ин самт ба инобат гирифта шавад».

Мавзӯи Форум ба се самт равона шуда, он то соати 20:00 идома меёбад.

Июнь 19, 2018 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон