Гузоштани санги асос барои бунёди Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ” дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара
ДУШАНБЕ, 01.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Баъди ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 Асосгузуори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара барои бунёди Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.
Маблағи умумии сохтмони бино муассисаи мазкур 59 миллиону 186 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз бинои маъмурӣ, бинои таълимӣ, истгоҳи нақлиёти қисми оташнишонӣ, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, китобхона, толори маҷлис бо 250 ҷой, толори варзиш, хобгоҳ бо 260 ҷой, машқгоҳи тактикӣ, майдончаҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии майдони иншоот 2, 8 гектарро ташкил медиҳад.
Фармоишгари Сохтмони бинои нави 5 — ошёнаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ” Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмони васлкунии рақами 2 -и Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Созанда 2012» мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат шумораи муассисаҳои таълимии касбӣ афзоиш ёфта, барои донишҷуён тамоми шароити муосири таълим фароҳам оварда мешавад.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муассисаҳои олии таълимӣ на танҳо барои сокинони ноҳияи Данғара, балки баҳри қонеъ кардани талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хизмат мерасонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ин муассисаи таълимӣ ба пудратчиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






