Гузоштани санги асоси бунёди осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
ДУШАНБЕ, 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гузоштани санги асос ба бунёди Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ барои 1000 нафар дар Ҷамоати деҳоти Исфисор оғози расмӣ бахшиданд.
Ин осоишгоҳ бо тарҳи зебою замонавӣ дар минтақаи Шӯркӯл дар мавзеи хеле мувофиқу муносиб барои меҳмонону сайёҳон, яъне соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар масоҳати 31 гектар сохта хоҳад шуд.
Тавре зимни муаррифии лоиҳаи ин иншоот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, паймонкори Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонии замонавӣ «Шаҳри зебои мо» буда, он дар давоми се сол аз ҷониби фармоишгар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кохи Малика» сохта мешавад ва дар рӯзҳои истиқбол аз 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Дар иншоот 300 нафар бо ҷойи кор ва маоиши хуб таъмин мешаванд. Дар ҳудуди осоишгоҳ ду бинои бисёрошёнаи меҳмонхона барои 1000 нафар сохта мешавад.
Мувофиқи лоиҳа дар осоишгоҳ тамоми шароити зарурӣ барои меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам оварда шуда, он дар асоси талаботи меъёрҳои байналмилалӣ қомат хоҳад афрохт. Таъкид гардид, ки дар сохтмони тамоми қисматҳои осоишгоҳ мутахассисону бинокрони ботаҷриба ҷалб карда мешаванд.
Дар ҳудуди Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин бо мақсади таъмини пурраи истироҳату фароғати меҳмонону мизоҷон ва сайёҳон бунёди бинои табобатӣ, маркази ҷавонон, толор барои баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногун, ошхона, чойхонаи миллӣ, се майдончаи варзишии хурд, як майдони варзишии калон бо меъёрҳои ҷаҳонӣ, ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр, аквапарк ё худ парки обӣ, истгоҳи нақлиёт ва дигар иншооти табобативу маишӣ барои истироҳаткунандагону мизоҷон пешбинӣ шудааст.
Дар фарҷоми мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба сохтмончиёни Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонии муосир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ва дар муҳлати пешбинигардида ба истифода додани ин иншооти зебою замонавӣ муваффақияту пешрафти ҳамаҷонибаи кор дар ин иншооти бузург орзу намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ






