Идомаи сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқот бо Губернатори вилоят Чен Рунер
ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10 июни соли 2018 пас аз иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҷенҷоуи вилояти Хэнани Чин ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷенҷоу меҳмони олимақом, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати вилояти Хэнан гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар доираи сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Губернатори вилояти Хэнан Чен Рунер мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.
Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мо аз рушди ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту ҳамсояи Чин қаноатмандем ва дар байни онҳо ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо ҷойгоҳи муҳим дорад.
Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ вазъи ҳамкории шарикию стратегиро баррасӣ карда, ба масъалаи амалисозии пурсамари Ёддошти татбиқи муштараки ташаббуси Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим, ташаббуси “Як камарбанд — як роҳ”, “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030” ва Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Сарвари давлат ҷалби сармояи чинӣ ва ширкатҳои ин кишварро баҳри истифодаи захираву имкониятҳои фаровони неъматҳои моддӣ барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ намуданд.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои коркарди саноати кӯҳӣ, химия, саноати сабуку бофандагӣ, бахшҳои кишоварзиву саноат, ҳамчунин истифодаи самараноки захираҳои ғании гидроэнергетикиву минералии кишвари мо аз самтҳои ояндадори муносибатҳои ҳамкорӣ номида шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дигар масъалаҳои равобити ду кишвар, аз қабили таъсис додани муассисаҳои муштараки парвариши навъҳои нави маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, пахта, ҷуворӣ ва гандумро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Тавсеаи равобити дуҷониба дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, сайёҳӣ, варзиш, кӯҳнавардӣ, табобатӣ, этникӣ ва рушди шикори байналмилалӣ дар Тоҷикистон аз самтҳои барои ҳарду ҷониб судовар арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима карда шуд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






