«ИФРОТИЮН – ИСВАДДАТ ВУҶУҲУҲУМ…». Директори Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода роҷеъ ба нақши ваҳдати миллӣ дар коҳиш додани ифротгароии динӣ

Июнь 26, 2018 15:24

ДУШАНБЕ, 26.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. “Ба зудӣ воқеияти бозиҳои геополитикӣ, кашмакашҳои сиёсӣ барои ба даст овардани манфиатҳои бештари иқтисодӣ ва ниҳоя­тан чеҳраи ҳақиқии созмону ҳаракатҳои ифротӣ бо шабакаҳои таблиғо­тию фармоишии онҳо дар минтақаҳои даргири Ховари Миёна ва умуман олами ислому арсаи ҷаҳонӣ ошкору аён хоҳад шуд…”, — менависад дар як нигоштаи худ оид ба нақши ваҳдати миллӣ дар коҳиш додани ифротгароии динӣ Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА. Матни пурраи ин навиштаро, ки муаллиф ба АМИТ “Ховар” фиристондааст, пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Ҳар миллат дар масъалаи ягонагӣ, якпорча­гӣ ва некў ба ҳам омадани қишру табақаҳои кишвар бо ҳолатҳое рў ба рў мешавад, ки як муддат ноил шудан ба мувозинати созгор хусусияти буҳронӣ касб менамояд. Гоҳо халалдор шудани осоиши ҳамдигарӣ боиси гусехта шудани сарриштаи кор ва тафаккури мантиқӣ гардида, даҳшати паро­кан­дагӣ мардумро дар идроку фаҳмиши воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он  нотавон месозад.

Зарурати таҳияи консепсияи ваҳдати миллиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ба миён овард. Зеро ҳангоми расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар фазои сиёсии кишвари мо ба ғайр аз мақомоти амалкунан­даи сиёсӣ боз ду гурўҳи асосии қудратхоҳ зуҳур намуд: яке неруи зиёиёни эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва фар­ҳан­гӣ фаъолият мекард; ва дигаре, рўҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд ва ба пиндори худ, ҳеҷ даъвои сиёсӣ не, балки нияти ислоҳоти динию ахлоқии ҷомеаро доштанд.

Табиист, ки ин ду неруи сиёсӣ ба зудӣ сарпарастони хориҷӣ пайдо кар­данд. Хушбахтона, аксари зиёиёни пешқадами тоҷик ғаразҳои сиёсии хоҷагони берунаро ба зудӣ дарк карданд, вале исломга­ро­ё­ни сиёсӣ ба “хизмат” омода будани худро бо ниҳоду неруҳои беруна барои расидан ба қудрати сиёсӣ эълон намуданд. Бояд эътироф кард, ки солҳои 80-90-уми асри гузашта дар зери таъсири вазъи сиёсии Афғонис­тон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ на танҳо дар байни пайра­вони ислом, балки дар миёни муътақидо­ни дину кон­фес­сия­ҳои дигари ҷомеаи шўравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи ҷаҳон­би­нии динӣ боло гирифт. Дар ин замина даъвоҳои қудрат­хо­ҳӣ ва мавқеъгирии сиёсию динӣ дар фаъолияти аксари ҳизбу созмон­ҳои навбунёд боло рафт. Чун ҳадафи асосии геополитикӣ барҳам додани империяи абарқудрати шўравӣ буд, ҳама гуна ҷасоратҳои сиёсии дорои хусусияти ошкорбаёнӣ ва демократӣ аз хориҷ зуд дастгирӣ меёфт. Пуштибонии созмонҳои гуногун аз навгониҳои сиёсию идеологии дар ҷумҳуриҳои тоза ба истиқлол расида аслан дар зери шиори ҳимояи “ҳуқуқу озодиҳои поймолшудаи шаҳрвандон”, бахусус озодии виҷдон роҳандозӣ мегардид. Дар ҳамин росто, ба арсаи сиёсат омадани ҷараёнҳои динию мазҳабӣ дар ду ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ – Озарбойҷон ва Тоҷикистон ҳам об­рўю эътибори исломро коста кард ва ҳам ба ваҳдати миллӣ ва пайванд­ҳои суннатию таърихии ин ду миллат зарбаи ҷонкоҳ ворид намуд.

Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, ба ҳукми тақдир ё таври тасодуф бо омилҳои таназзули давлати Сомониён як айнияту монандӣ пайдо кард. Шигифтовар он буд, ки ҳамон ҳақиқати талхи таҷрибаи рўзгор дар солҳои 90 асри ХХ дар шаклу муҳтавои андаке дигаргун боз гиребонгири давлати ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Афсўси дигар он аст, ки ра­ванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озоди­ҳои демократӣ ба шакл­ги­рии тафаккури исломи сиёсӣ ва таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид. Ин ҳизб ар­зиш­ҳои воло ва муқадда­соти дини­ро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғараз­ҳои сиёсӣ истифода ме­бурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуд, вале тасав­ву­роти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф намекард.

Мутаассифона, пешво­ёни созмонҳои ҳизбӣ тавонис­танд дар мағзи ҷавонон ақидаи боти­леро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ва арзишҳои қурунивустоӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. Ҳарчанд мисли оина равшан буд, ки андаруни ҷаҳонбинии динӣ ҷойгузин кардани раванд­ҳои ҷамъиятӣ ҳеҷ вақт боиси пешрафт шуда намета­вонад ва дар замони рушди илму технология чунин корбурд нопазируфтанист, вале тўли солҳои 1992-1997 рафторҳои ногуфтанӣ ва ношуни­да­ние дар ҷомеаи мо ҳукмфармо гардид. Дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-ум дар кишвари мо тамоми заминаҳо барои бархўр­ди бардавоми мусалла­ҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гурўҳҳои мусал­лаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд ва қумон­дон­ҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд.

Тибқи таълимоти ҷомеашиносии муосир, чунин давра­ҳои тақдирсози ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа “ақаллияти созанда” (creative minority)”-ро рўйи кор меоварад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба ин гуна таҳдиду хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз ин ақаллияти фаъол ва созан­да бақо ва пойдории давлат ва фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини сарвари ин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дўш гиранд. Ва дар ниҳояти кор мардуми шарифи Тоҷикистонро ба санаи фараҳбахши 27 июни соли 1997 – рўзи имзои ҳуҷҷати муҳим- «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расонанд.

Ҳарчанд Тоҷикис­тон 21 сол аст, ки дар шароити сулҳу субот ва истиқрори миллӣ фаъолият мекунад, вале таъсири нооромиҳои солҳои 90-уми қарни гузашта дар рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишвар то ҳанўз эҳсос мешавад. Ин ҳолат аз ҳама бештар дар булҳавасона пайравӣ кардани насли ҷа­вон ба раванду ҷараёнҳои номатлуб ва гароиши онҳо ба ҳизбу ҳара­кат­ҳои ифротӣ зоҳир мегардад. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба омў­зиши масъалаҳои диншиносӣ, исломшиносӣ ва мониторинги вазъи динӣ машғул аст, зимни таҳлилҳои охирини худ доир ба рафтори ҷо­ниб­до­ро­ни анде­ша­­ҳои ифротӣ ва тундрав дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳу­рӣ чеҳраи эҳтимолии иҷтимоӣ ва равонии онҳоро чунин табақабандӣ кард:

1) Шахсоне, ки дорои сатҳи пасти саводи дунявӣ ва динӣ мебошанд ва илова бар ин, мушкилоти иқтисодӣ доранд, вале касбу кори муайян ва доимӣ ҳам надоранд. Онҳоро навкар ё мардикори муздур меноманд, кадом кореро, ки ба онҳо фармоянд, барои гирифтани дастмузд иҷро мекунанд. Чунин афрод бештар дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, аз таъсири бади ғурбати рўзгор андеша ва ҷаҳонбинии устувор ҳам надо­ранд. Ин тоифа ба осонӣ туъмаи осон барои таблиғгарон ва ҷалбку­нан­дагони гурўҳҳои ифротӣ мешаванд.

2) Касоне, ки дар муҳити суннатии оилавӣ тарбия ёфтаанд ва ҷаҳон­бинии онҳо асосан хусусияти динӣ дорад. Таҳлилҳо нишон меди­ҳанд, ки мута­ас­сифона, як қисми афроде, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар Аф­ғо­нис­­тон ҳамчун ҷонибдорони мухолифин муҳоҷир шуда буданд, имрӯз якҷоя бо хонаво­да­ашон ҷонибдори гурўҳу ҷараёнҳои ифротӣ шудаанд ва ба­рои қабули идеологияи онҳо майлу хоҳиши тамом доранд ва дар фик­ру ан­де­шаи ҷустуҷӯи роҳҳои сафар ба хориҷ, пайвастан ба ин гурӯҳҳо ва дарёфти даромадан ба “биҳишти дурўғин” ҳастанд.

3) Як гурӯҳи афроди бадхўй ва ҷиноятпеша ҳанўз дар ҳар ҷое вуҷуд доранд, ки зиндагиро танҳо аз тариқи зӯроварӣ ва гирифтани даромади муфт меписанданд ва тасаввур мекунанд. Баъд аз пурзӯр шудани назорат ва муқовимат бо ҷи­но­ят­корӣ дар ҷумҳурӣ онҳо дигар натавонистанд бо роҳи одаткардаи худ зиндагӣ кунанд ва барои идомаи фаъолияти ҷиноят­ко­ронаи худ хунсар­до­на ба ин гурӯҳҳо пайвастанд.

4) Гурӯҳи шахсоне низ ҳастанд, ки дар шароити нав бо мушкилиҳои гуногун дар зиндагӣ, ба мисли карзҳои бонкӣ, амалҳои коррупсионӣ дар муассисаву корхонаҳо ва дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будан му­во­ҷеҳ шудаанд. Онҳо аз тариқи пайвастан ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ ме­хо­ҳанд нуқсону камбудиҳои худро рўйпўш кунанд ва аз фазои муш­кил­зои зиндагии худ дуртар фирор карда, худро қаҳрамон ва адолатҷў нишон доданӣ мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти зуд тағйирёбандаи сиёса­ти ҷаҳонӣ бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии солҳои 90-уми асри гузашта ва кон­сеп­си­яи мукаммали ваҳдати миллии худ фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва шабакаҳои илмию таҳлилӣ ва иҷтимоиро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифрот­га­­роӣ, терроризми динӣ, решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ, таблиғи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ваҳдати динию эътиқодии мабно ба мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти исмоилия сафарбар карда истода­анд.

Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде дар масъала­ҳои ташкилию маъмурӣ ва фаҳмондадиҳию ҳамоҳанг­созӣ вуҷуд доранд. Вале як чиз бебаҳс аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ имрўз ба хотири ҳифзи манфи­ат­ҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки пазируфтории мафкура ва ҷаҳонбинии беруна, кўр­-кўрона ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ба ҷуз пушаймонию саргардонӣ меваи дигаре ба бор намеоварад. Бояд ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин ҳам бидонад, ки дар ҳамон солҳои муд­ҳи­ши 1992-1997 миллати тоҷик тамоми масъулияти мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризми диниро ба дўши худ гирифта, паҳн­шавии равандҳои номат­луби ифротиро дар минтақа ва марзу буми кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард. Насли ҷавони мо бояд боварӣ дошта бошад, ки ин равандҳои зукомшакл падидаҳои му­вақ­қатиянд ва ба зудӣ воқеияти бозиҳои геополитикӣ, кашмакашҳои сиёсӣ барои ба даст овардани манфиатҳои бештари иқтисодӣ ва ниҳоя­тан чеҳраи ҳақиқии созмону ҳаракатҳои ифротӣ бо шабакаҳои таблиғо­тию фармоишии онҳо дар минтақаҳои даргири Ховари Миёна ва умуман олами ислому арсаи ҷаҳонӣ ошкору аён хоҳад шуд.

Ва ба таъбири қуръонӣ ифротиён касоне хоҳанд буд, ки Худо “исваддат вуҷуҳуҳум” (3:106) – “рўйҳояшонро сиёҳ гардонидааст”.

Файзулло БАРОТЗОДА,

 директори Маркази исломшиносӣ дар

   назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон

Июнь 26, 2018 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард