Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи рақами 28 дар шаҳри Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 26.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами 28-ро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри соли 2017 оғоз гардида, моҳи июни соли 2018 аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «ХЭОПС» бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамомада дар ин муассисаи томактабӣ баҳои баланд доданд. Ба истифода додани муассисаи томактабиро сокинони маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карданд.
Бинои наву замонавии Боғчаи бачагонаи рақами 28 дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳамарӯза 320 кӯдакро ба тарбия фаро гирад.
Мавриди зикри хос аст, ки Боғчаи бачагонаи рақами 28 дорои утоқҳои барҳаво, хонаи қабули кӯдакон, хонаи таълимӣ, хонаи хоб, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, нуқтаи тиббӣ, ошхона, анборҳои маводи хӯрокӣ ва 12 айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона, майдончаи қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳавзи шиноварӣ, шабакаи гармидиҳии мутамарказонидашуда мебошад.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои муаззами миллат аз тарбиятдиҳандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити хубу арзанда кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ ба камол расонанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






