Игор Суворов: «Барои ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш миёни Бонки байнидавлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон бештар талош хоҳем кард»
ДУШАНБЕ, 01.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати намояндагони Бонки байнидавлатӣ таҳти сарварии Президенти бонки мазкур Суворов Игор Георгевич доир гардид.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ба чанд масъала, аз ҷумла, натиҷаҳои молиявии фаъолияти Бонки байнидавлатӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии кишвар, имконияти зиёд намудани ҳаҷми амалиёти вогардонӣ (конверсионӣ) аз рӯи суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо рубли русӣ ва кушодани суратҳисобҳо бо асъори миллии дигар давлатҳои аъзои Бонки байнидавлатӣ, имконияти доир кардани амалиёти СВОП ва иштирок дар бозори коғазҳои қиматнок диққати махсус зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Бонки байнидавлатӣ бо назардошти имконият ба мутахассисони Бонки миллӣ барои табодули таҷриба дар самтҳои муҳими низоми бонкӣ имконият дода шавад. Бахусус ба табодули таҷриба дар самти гузаронидани амалиёт дар бозори байнибонкӣ ва омӯхтани таҷрибаи фаъолият зимни доир кардани амалиёти Биржаи байнибонкии асъории шаҳри Москва, инчунин андӯхтани таҷрибаи Бонки байнидавлатӣ дар раванди идоракунии дороиҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Президенти Бонки байнидавлатӣ Игор Суворов оид ба натиҷаи фаъолият, дастовард ва нишондиҳандаҳои Бонки байнидавлатӣ, инчунин сармояи оинномавӣ ва механизми зиёд намудани сармояи бонк ва таъсиси Фонди пули миллии давлатҳои аъзо дар Бонки байнидавлатӣ сухан ронда, афзуд, ки барои ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш миёни Бонки байнидавлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи боз ҳам хубтар талош хоҳанд варзид
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Бонки байнидавлатӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои андӯхтани таҷрибаи Бонки байнидавлатӣ дар самти ҷорӣ кардани назорати комплайнс, аз ҷумла, аз рӯи тартиби «донистани мизоҷи худ», ки имкони баҳодиҳии ҳолати мизоҷро амалӣ ва сатҳи хавфи комплайнсро коҳиш медиҳад, изҳори умед кард.
Дар мулоқот сардори шуъбаи институтҳои молиявии Бонки байнидавлатӣ Владимир Васяткин ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.










Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






