Икром Умарзода: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ санади таърихиест, ки дар он ормони тоҷикон бо каломи ширини сулҳу ваҳдат таҷассум ёфтааст»

Июнь 22, 2018 16:20

ДУШАНБЕ, 22.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ санади таърихие мебошад,  ки дар он ормони халқи тоҷик бо каломи ширини сулҳ ва ваҳдат таҷассум ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомаи амал пӯшидани ин орзу гувоҳи тинати поку сулҳпарвар ва заковати баланду ҳушманди мардуми тоҷик аст. Ин нуктаро имрӯз муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода зимни баргузории конфронси илмӣ-назариявӣ, ки ба мавзӯи «Ваҳдати миллӣ — тарранумгари дӯстӣ» бахшида шуда буд, баён дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудаанд. Барои расидан ба ин рӯзи хуш моро лозим омад, ки роҳи тӯлониву ноҳамворро тай намоем ва мамониатҳои сангинеро аз миён бардошта, мушкилоти гаронеро пушти сар кунем. «Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ва обрӯи байналхалқии мо, пеш аз ҳама, ба таъмини волоияти қонун дар сартосари мамлакат вобаста мебошад. Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд дар чаҳорчӯби Конститутсия сурат гирад. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем ҷумҳурии воқеан демокративу мутамаддин бунёд намоем ва сазовори чунин ҷомеа бошем»,-афзуд ӯ.

Ба андешаи ӯ, бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо мустаҳкам гардида, сабаби  болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегарданд.

Дар конфронс, ки бо ташаббуси Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд, намояндагон аз дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, гурӯҳи «Авангард» ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуданд.

Ба иттилои намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Амирбек Бекназаров, маҳз ваҳдату дӯстӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ сабаб мегарданд, ки дилхоҳ ҷомеа ба рушди сартосарӣ ноил гардад. «Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳон ва ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гардидани унсурҳои бегона, инчунин дар ин замина пайдо гардидани ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва андешаҳои ифротангез дар ҷомеа зарурат ба миён омадааст, ки бар зидди зуҳуроти номатлуб, аз қабили ифротгароиву терроризм мубориза бурда шуда, дар ҳамин замина таҳкими ҳамаҷонибаи ваҳдату ҳамбастагии миллӣ амалӣ гардад. Барои тоҷикон, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар марҳилаҳои мураккабу ҳассосро аз сар гузарониданд, Ваҳдати миллӣ арзиши аз ҳама муҳим ва муқаддас ба ҳисоб меравад»,-гуфт ӯ.

Ба зикри А.Бекназаров, Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф ҳастанд. Агар эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас созишномаи истиқрори сулҳ суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.

Пас, масъулияти ҳар яки мо ин аст, ки дар чунин як раванди ҳассос падидаҳои муҳиму мусбатро ба манфиати рушди фарҳанги иҷтимоии худ қабул намуда, инкишоф диҳем.

 

 

Июнь 22, 2018 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад