Имрӯз – Рӯзи умумиҷаҳонии бойгонӣ. Ҳар як коғаз, ҳуҷҷат, расм, навори видеоӣ далели раднашавандаи ҳақиқати таърихист

Июнь 9, 2018 11:07

ДУШАНБЕ, 09.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори  ЮНЕСКО   ҳамасола   дар  аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон   9 июн  ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии бойгонӣ  (International Archives Day) таҷлил мегардад.
Вобаста ба ин мавзӯъ  хабарнигори АМИТ  «Ховар»  бо муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон   Давлат Холмуродов  ҳамсуҳбат гардид. Номбурда  дар ин маврид андешаҳояшро чунин изҳор кард:

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар   мулоқот бо   зиёиёни мамлакат таъкид намудаанд, ки «ҳар лаҳзаи ҳаёт таърих аст ва он дар шаклу намудҳои  мухталиф  инъикос  меёбад. Дар ин раванд ҳуҷҷату санадҳо ва маводи сабтӣ аз ҳамин қабиланд, ки наслҳои  оянда оид ба ҷараёни зиндагии давраи муайян донишу тасаввурот пайдо мекунанд».

Воқеан ҳам ҳар як коғаз, ҳуҷҷат, расм, навори видеоӣ, садо, нақша, ҳатто пора  ё  ҷузъи хурди онҳо далели тасдиқсозанда ва раднашавандаи ҳақиқати  таърихӣ буда,  дар  асоси онҳо садҳо  маҷмӯаи  ҳуҷҷатҳо,  рисолаҳо  ва  мақолаҳои илмӣ ба табъ расида, барномаҳои радиоию телевизионӣ таҳия мешаванд.

Дар суратҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии давлатии аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон  аксу таърихи нахустин қатора, нақлиёт ва аэроплане, ки ба Тоҷикистон оварда шудаанд, акси боздошти Иброҳимбек, садои Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ,  Садриддин Айнӣ, филм иборат аз панҷ қисм дар бораи фаъолиятҳои Бобоҷон Ғафуров,  нахустин кори киносозони тоҷик В. Кузин, А. Шевич ва А. Гезулин  –  «Омадани  аввалин поезд ба Душанбе», ки  ҳанӯз соли 1929 ба навор гирифта шудааст ва ғайра маҳфузанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, айни замон дар маҳфузгоҳҳои Бойгонии марказии давлатии аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон 235 ҳазору 393 адад ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо, аз ҷумла, 171 ҳазору 231 негатив, 13 ҳазору 394 позитив, 1277 негатив дар шиша, 32 ҳазору 057 акс, 233 сураталбом, 12 ҳазору 118 ҳуҷҷати сабти овоз ва  324 нусхаи дар шакли микрофилм аксбардоришудаи арзишнок  нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо асосан аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, АМИТ «Ховар», Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», вазоратҳо, осорхонаҳо, муассисаҳо, институтҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, театрҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо ба бойгонӣ ворид мегарданд.

Ҳамчунин дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аксу наворҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар таърихи навини мамлакат ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз  унвон гардидааст  ва дигар рӯйдодҳои таърихии   даврони соҳибистиқлолии мамлакат  аз нигораҳои пурқимати ин маҳфузгоҳ  ба ҳисоб мераванд.

Бояд гуфт, ки Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои қабули  санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ, назорати  риояи қонунгузорӣ оид ба кори  бойгонидорӣ ва коргузориро дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо,  корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар  аз шакли  моликият  ва тобеияташон иҷро намуда, масъули рушди  минбаъдаи такмили  ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Дар айни замон  дар қаламрави ҷумҳурӣ 12 бойгонии давлатӣ ва филиалҳои он  фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 3 филиали он дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рашт, Бойгонии марказиии давлатии ҳуҷчатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва чанд филиалҳои он дар шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан ва Панҷакент, Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳрҳои Бохтар  ва Кӯлоб, Бойгонии давлатии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ фаъолият менамоянд. Теъдоди   бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 65 ададро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо дар  тамоми шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  бахши бойгонӣ таъсис дода шудааст, ки он масъалаи  ҳифозат,  нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва  истифодаи  ҳуҷҷатҳои  Хазинаи  бойгонии  миллиро таҳти  назорат қарор дода, низоми  супоридани  онҳоро ба  бойгониҳои давлатӣ ва  байниидоравӣ ба  танзим медарорад.

Тибқи Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо»  бояд ҳар як идораву ташкилот, новобаста аз шакли фаъолият маводи таҳиякардаи худро баъди се сол ба бойгонии давлатӣ  пешниҳод кунад.
Феълан дар маҳфузгоҳҳои бойгониҳои ҷумҳурӣ 10 ҳазору 842 хазина, ки 3  миллиону 160 ҳазору 851 парвандаро дар бар мегиранд, нигоҳ дошта  мешаванд.

Аз маводи дар Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузбуда, ки махзани асосии сохтори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.  Имрӯз таҳқиқгарони зиёд дар толори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маводро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд.

Ҳуҷҷатҳои хазинаи бойгонӣ ҳамчунин дар шуъбаҳои дастхатҳои осорхонаҳо, китобхонаҳо, пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва хазинаи бойгонии соҳавии як қатор вазорату идораҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Ташкили ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ аз муддати истеҳсоли онҳо дар ҷараёни коргузорӣ сар мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 «Дастуруламали намунавӣ оид ба коргузорӣ дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳоеро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд», тасдиқ намудааст. Тибқи қарори номбаршуда, дар асоси ин ҳуҷҷати намунавии тасдиқгардида мақомоти давлатӣ, муассиса, ташкилот ва корхонаҳо бояд дастуруламали аниқи коргузории худро тайёр намуда, ташкили ҳуҷҷатҳоро дар коргузорӣ ба низом дароранд.

Мутаассифона, то ҳоло на дар ҳама  мақомоти давлатӣ, муассиса, ташкилот ва корхонаҳо  чунин дастуруламали  коргузорӣ  таҳия намудаанд, ки ин амал барои  дуруст нигоҳдории ҳуҷҷатҳо  таъсири манфӣ расонида, боиси талаф ё нобуд гардидани онҳо мегардад.

      Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

 

 

Июнь 9, 2018 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд