Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иди нон, асал ва зардолу дар маркази шаҳри Хуҷанд

Июнь 26, 2018 10:16

ДУШАНБЕ, 26.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои Иди нон, асал ва зардолу, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иштирок карда, бо кадбонуҳо, мардони ҳунарманд ва деҳқонони асил мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

Дар ин ҷо аз ҷониби кишоварзони зарофари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар порча заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, асосан маҳсулоти нонӣ, асал ва 35 навъи зардолу ба намоиш гузошта шуд.

Дар намоишгоҳ занбӯрпарварони 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни асал ва прополисро ба  маъраз гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта занбӯрпарварони вилоят аз 52 ҳазору 250 оилаи занбӯр 1 ҳазору 360 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол ният доранд, ки ин нишондодро зиёд намоянд, зеро шароит ва иқлими шаҳру ноҳияҳои вилоят, хусусан Шаҳристон, Панҷакент, Истравшан, Айнӣ, ва Кӯҳистони Мастчоҳ барои рушди ин соҳаи сердаромад басо мувофиқ мебошад.

Зимни суҳбат бо занбӯрпарварони вилоят Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли  асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд.

Дар Иди зардолу шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва филиали суғдии Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Боғи миллӣ» навъҳои маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллӣ, аз қабили «Қандак», «Хуҷандӣ», «Мирсанҷалӣ», «Субҳонӣ», «Аҳмадӣ», «Хурмоӣ», «Шифо», «Ниёзӣ», «Серҳосил», «Гулгунӣ» «Кадухурмоӣ», Тоҷибой», «Лола», «Бобо ғелон», «Сафедак», «Шоҳӣ», «Шохшикан», «Аразми калон», «Нишонӣ», «Кошифӣ», «Хурмои лучак», «Аҳрорӣ» ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.

Таъкид шуд, ки бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, боғу токзори зиёди кӯҳна дубора барқарор гардид.  Соли гузашта дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1 ҳазору 40 ва имсол 737 гектар боғи нав бунёд карда шуд, ки дар онҳо асосан ниҳоли дарахтони серҳосили мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашуда шинонида шудаанд.

Дар маҷмӯъ, имрӯз дар миқёси вилоят 54 ҳазору 591 гектар боғ мавҷуд аст, ки аз он 36 ҳазору 205 гектараш боғи ҳосилдеҳ мебошад.

Имрӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 46 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки ҳосилаш ҳам ба шакли тар ва ҳам ба тарзи банду басти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла, ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Украина, Беларус, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Мардумии Чин, давлатҳои арабии Шарқи наздик  ва кишварҳои Аврупо содирот мешавад.

Соли гузашта аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар қариб 35 ҳазор тонна меваҷот, аз ҷумла, 4 ҳазору 800 тонна меваи тар содирот шудааст. Дар   панҷ моҳи соли равон ҳаҷми содироти мева ба зиёда 12 ҳазор тонна расидааст, ки аз ин нишондод 1 ҳазору 600 тоннааш зардолу мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асили вилоят ва ҳам роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои онро ба афзун кардани нишондодҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани зардолузор ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон метавонад дар самти парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад. Ҳамин аст, ки борҳо ташкилоту озмоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба сифату тамъи меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла, зардолу баҳои баланд додаанд.

Дарвоқеъ, ин намоишгоҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон нафар сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба ҷашнгоҳи бузурги Иди зардолу ва асал табдил ёфт.

Иштирок дар Иди нон, асал ва зардолу дар маркази шаҳри Хуҷанд 26.06.2018

Июнь 26, 2018 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд