Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

Июнь 26, 2018 07:03

ДУШАНБЕ, 26.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Намояндагони аҳли ҷомеа, роҳбарият, ҷавонон ва аҳли фарҳангу зиё Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон бо самимияти зиёд ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба истиқболи роҳбари сулҳофару хирадманди миллати тоҷик ба таври шоиста ороста шуда буд ва аҳли илму фарҳанг ва дигар табақаҳои ҷомеаи шаҳри Хуҷанд аз Пешвои миллат бо шодию фараҳмандии беандоза пазироӣ намуданд.

Истиқболи самимии сокинони шаҳри Хуҷанд аз пуштибонии комил аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Воқеан ҳам сулҳи тоҷикон ва умуман пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба ному корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст.

Шаҳри Хуҷанд дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо талошу дастгирии пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, сокинонаш ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ дар тамоми соҳаҳо ноил гардидаанд.

Имрӯз аҳли ҷомеаи шаҳри Хуҷанд ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу субот дар кишвар арҷу эҳтироми баланду беандоза мегузоранд.

Истиқбол дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд 26.06.2018

Июнь 26, 2018 07:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд