Маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 01.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ ба поён расид.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, зикр карданд, ки маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ баргузор гардид. Кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ беҳтаринҳоро барои адои хизмат дар сафи артиш интихоб намуданд.
Гуфта мешавад, ки шумораи ҷавонони синни даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои мусаллаҳ хеле зиёд буд ва ин имкон дод, ки аз байни онҳо танҳо ҷавонони солиму бардам ва болаёқат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Бояд гуфт, ки таъмини сулҳу субот дар кишвар, шароити хуби хизмативу маишӣ ва таълимӣ дар қисмҳои низомӣ таваҷҷуҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбиро бештар карда, сол аз сол сафи ихтиёриён ва онҳое, ки баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссияи давлатии даъват ҳозир мешаванд, зиёд мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






