Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку

Июнь 19, 2018 18:40

ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 19 июн дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку” маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Мукофоти олиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Игор Поканевич супорида, ба саҳм ва нақши Президент ва Ҳукумати кишвар баҳри таъмини солимии ҷомеа баҳои баланд дод.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гаштан ба ин шарафи бузургро пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар роҳи ташаккули тарзи ҳаёти солим арзёбӣ карданд.

Мубориза алайҳи тамокукашӣ яке аз афзалиятҳои тадбирҳои амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоӣ мебошад, зеро корҳое, ки дар Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи тамоку анҷом меёбанд, қабл аз ҳама ба беҳдошти саломатии ҷомеа равона гардидааст.

 

Июнь 19, 2018 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ