Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитса

Июнь 21, 2018 11:37

ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн Асосгузури сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитсаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо ба ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем ва Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи ҳамёрони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем”.

Ҷонибҳо аз қабули Стратегияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, ки мақсад аз қабули онҳо татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои стратегӣ мебошад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ин стратегия татбиқи тарҳҳои миллию фаромиллӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, сарҳадот, гуманитарӣ, маориф, фарҳанг ва беҳдошти аҳолӣ татбиқ шуда, муколамаи ҷонибҳо дар мавзуъҳои амнияту субот ва ҳуқуқи инсон тавсеа меёбад.

Ҳамчунин зимни мулоқот масъалаи ҷалби сармояи Иттиҳод ва иштироки фаъоли он дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, дастгирии буҷети Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодӣ дар доираи Барномаи имконияти сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ ва вазъи амният дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз паҳншавии терроризму зуҳуроти экстремизм дар минтақа изҳори нигаронӣ карданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба кумакҳои шарикони рушд, минҷумла Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳадот дар ин самт ниёз дорад. Дар ин ҷода ҳамкории хуби Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо тавассути Барномаи БОМКА махсус таъкид карда шуд.

Мулоқот бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитса 21.06.2018

Июнь 21, 2018 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар