Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин

Июнь 19, 2018 17:32

ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женминро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатмандии худро оид ба дастгирии Созмони Милали Муттаҳид аз ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ иброз доштанд.

Ҷонибҳо ба нақши Департаменти Созмони Милал оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои арзанда доданд. Изҳори умед карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид ҷонибҳо ба татбиқи босамари Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд то соли 2020, ноил хоҳанд шуд.

Дар самти расидан ба ҳадафҳои “Рӯзномаи ҷаҳонии рушд — 2030” масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир, рушди инфрасохтор, роҳандозии низоми самарабахши ҳамлу нақли транзитӣ, соддагардонии қоидаҳои тиҷорат, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Зимни мулоқот муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин мақоми пешвоии Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои глобалии вобаста ба об махсус таъкид карда, ба талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд доданд.

Дар охир зимни баррасии масъалаи истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда Сарвари давлат ҷонибдории худро аз ташаббусҳои ҷаҳонии “Энергияи устувор барои ҳама” ва Даҳсолаи байналмилалии “Энергияи устувор то соли 2024” таъкид карданд.

Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин 19.06.2018

Июнь 19, 2018 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд