Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Июнь 9, 2018 15:01

ДУШАНБЕ, 09.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки мо таъмини сулҳу суботро дар Афғонистон омили амнияти кишвари худ ва тамоми минтақа медонем.

Президенти мамлакат ҳамкории зич ва пайвастаи хадамоти амниятии Тоҷикистону Афғонистонро дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин пурзӯр кардани ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, зарур шумурданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд инчунин масъалаи таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистонро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф, таълим ва фарҳанг, баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот татбиқи тарҳҳои зербиноии миллию минтақавии энергетикӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ду кишвар, махсусан  дар бахши энергетика, аз ҷумла лоиҳаи “САSA-1000”, роҳандозии лоиҳаҳои нақлиётӣ, роҳи оҳани “Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон” ҳамчун омили беҳсозии вазъи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маънидод карда шуд.

Июнь 9, 2018 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд