Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло

Июнь 21, 2018 10:45

ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 июни соли 2018 Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд.

21 июн дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло баргузор гардид, ки зимни он маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон хоҳони рушду густариши равобити ҳасанаи худ бо Афғонистон аст ва дар ин ҷода ҳамеша кӯшишу талоши созанда ба харҷ медиҳад”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкати фаъоли Абдулло Абдулло ва ҳайати ин кишвари ҳамсояро дар Конференсияи сатҳи баланд чун нишони пуштибонии ҳамаҷонибаи давлати дӯсти Афғонистон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи об маънидод карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба, вазъияти имрӯзаи Афғонистон, инчунин мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, илму маориф ва амният аз самтҳои ояндадори барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба сатҳи навини ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, итилоот ва фаъолияти иҷтимоӣ низ манфиатдорем ва Тоҷикистон омодааст, барои Афғонистон мутахассисони зиёди соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва садҳо кадрҳои илмиро тарбия намояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин муборизаи беамон бо таҳдидҳои аслӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллиро омили таъмини сулҳ, амният ва ҳамкории судманд ва озоди дар минтақа арзёбӣ карданд.

Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ 21.06.2018

Июнь 21, 2018 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар