Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Июнь 9, 2018 15:43

ДУШАНБЕ, 09.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқоти самимӣ доир карданд.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро барои такроран ба маснади Раиси ҷумҳур интихоб шуданашон табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ӯ минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносиботи шарикию стратегии ду кишвар талош хоҳад кард.

Сарвари давлат барои саҳми муносиби Ҳукумати Чин дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ изҳори сипос карданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки маҷмӯи санадҳои қаблан имзошуда барои амалӣ кардани нақшаву барномаҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва барои аз кишвари аграрӣ  — саноатӣ ба индустриалӣ — аграрӣ табдил додани мамлакат, саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкорӣ дар масъалаи ҷалби сармояи чинӣ дар соҳаҳои саноати куҳӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, оғози татбиқи лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии “Фон Яғноб” бо иқтидори 600 мегаватт, лоиҳаи сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи боло бардоштани ҳаҷми гардиши мол, афзоиши содирот ба бозори Чин, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, барои расидан ба ин ҳадафҳо пешниҳод гардид, ки фаъолияти кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъол карда шавад.

Зимни мулоқот дигар мавзуъҳои муҳими ҳамкорӣ, дар бахшҳои ҷалби сармояи чинӣ баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маъориф, фарҳанг, зарурати баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо дар доираи ҳамкории минтақавию байналмилалӣ инчунин масъалаҳои робитаҳои муштарак дар самти мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ҳалли вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар Афғонистон ва дигар самтҳои ҳамёриро дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ муҳокима карданд.

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 09.06.2018

Июнь 9, 2018 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд