Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Синичи Китаока

Июнь 25, 2018 18:22

ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Синичи Китаокаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти мазкур дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин барои мусоидат дар бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳо дар самтҳои таъмини оби нушокӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия, энергетика ва идоракунии сарҳади давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои дигари афзалиятнок ва ҳадафҳои стратегии дуҷониба, аз ҷумла Барномаи нави шарикӣ бо Тоҷикистон баҳри татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, амалисозии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон оид ба беҳсозии вазъи коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва кишоварзӣ изҳор доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои беҳсозии фазои соҳибкорӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар, рушди инфрасохтори зарурии саноат ва содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби маблағҳои грантии Япония оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, коҳиш додани зарари тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар охир таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ҷиҳати омода кардани мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ дар самтҳои мухталифи идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳсозӣ, энергетика ва дигар соҳаҳои муҳим метавонад аз афзалиятҳои рушди ҳамкории дуҷониба бошад.

 

Июнь 25, 2018 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд