Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати “Чайна глобал” Хуанг Ҷийен Ронг
ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар доираи сафари корӣ дар музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як зумра ширкатҳои бонуфузи Чин, ки бо ворид кардани сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак дар пешрафти иқтисодиёти кишвари мо саҳм мегузоранд, мулоқот карданд.
Зимни суҳбат бо роҳбари Ширкати “Чайна глобал” Хуанг Ҷийен Ронг масъалаи таҳкиму густариши ҳамкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳокима карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар кишвари мо барои ривоҷ додани соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини сокинони маҳаллӣ бо кор, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, равнақ додани инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда имкониятҳои фарох мавҷуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар дигар бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






