Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи ҳизбии вилояти Хенан Ван Гошен
ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 июни соли 2018 дар шаҳри Ҷенҷоуи вилояти Хэнан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи ҳизбии вилояти Хенан Ван Гошен мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши сиёсат, иқтисодиёт, робитаҳои муҳими тиҷоратию иқтисодӣ, табодули таҷриба баҳри пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат аз сатҳ ва мазмуну муҳтавои ҳамкории шарикӣ бо Чин, ки бар асоси боварию эътимод ба манфиати мардумони Тоҷикистону Чин ба роҳ монда шуда, бахшҳои муҳим, аз ҷумла, сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитариро дар бар мегирад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷалби сармоя ва ширкатҳои музофоти Хэнан дар пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди маҳсулоти кишоварзиюю саноатӣ намунаи ибратбахши рушди ҳамкории минтақавӣ арзёбӣ карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






