Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Июнь 20, 2018 11:37

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Туркманистон ва масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъоли роҳбари ин кишвари дӯстро дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нишонаи возеҳи дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо маънидод карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ оид ба мавқеъи ҳамсони кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, инчунин таъмини амнияти минтақа, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир андешаронӣ карданд.

Аз сатҳ ва мазмуну муҳтавои робитаҳо, татбиқи санадҳои қаблан қабулшуда, рушди шарикӣ ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноати сабук, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Барои расидан ба ҳадафҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш таъсиси намояндагии тиҷоратӣ ва Шӯрои соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

 

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 20.06.2018

Июнь 20, 2018 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд