Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

Июнь 9, 2018 11:13

ДУШАНБЕ, 09.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карда, вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорию ҳамҷавориро муҳокима карданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалию  минтақавӣ мавқеи ҳамсон доранд ва ба рушди муносибатҳо дар самти таъмини амнияту суботи байналмилалию минтақавӣ аҳамияти махсус медиҳанд.

Сарони давлатҳо барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни давлатҳо, афзоиши гардиши мол, истифодаи имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои обию энергетикӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ — СASA–1000, фаъол кардани нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаро амри муҳим маънидод карданд.

Барои ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ пешниҳод карда шуд, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба манъи фаъолияти хоҷагидорӣ дар масири хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то охири анҷоми марҳилаи муайян ва ҷудо кардани хатти сарҳад ба имзо расад. Ба гузаргоҳи сарҳадии “Қарамиқ” додани мақоми байналмилалӣ барои ҳалли аксар масъалаҳои марбути муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ муҳим зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, робитаҳои нақлиётӣ, транзитӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков 09.06.2018

Июнь 9, 2018 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд