Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн
ДУШАНБЕ, 09.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии бемайлони сатҳи ҳамкории судманди ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро баҳри густариши минбаъдаи равобит иброз доштанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, рушди муносиботи ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва пешбурди муштараки лоиҳаҳои зерсохториро ҳамчун омили таконбахши тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва таъмини амнияту суботи минтақа арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки баҳри рушду тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ идомаи фаъолияти ҳадафманду босифати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бисёр муҳим аст.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика татбиқи саривақтии Барномаи дорои аҳамияти минтақавӣ САSA — 1000 ва дигар лоиҳаҳои мавҷудаи соҳа баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими суботи минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ, инчунин дигар мавзуъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд. Ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон ва истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар барои Тоҷикистон ва Покистон ниҳоят муҳим маънидод гардид.









Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»






