МУЪМИНОБОД: ободии Ватан аз хуррамии ҳар гӯшаи диёр оғоз меёбад

Июнь 29, 2018 15:17

МУЪМИНОБОД, 29.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш раиси вилояти Хатлон Давлатшо  Гулмуҳаммадзода бо масъулини вилоят аз ноҳияи Муъминобод  боздид намуд. Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод, мақсади раиси вилоят ва ҳамроҳонаш шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ, вазъи хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва даъвати сокинони ноҳия ба созандагию  бунёдкорӣ буд.

Баъди шинос шудан бо корҳои саҳроӣ меҳмонон ба заҳмати картошкапарварон баҳои  баланд  дода, иброз доштанд, ки  соҳаи картошкапарварӣ дар ноҳия  бояд   аз пештара беҳтар ба роҳ монда шавад. Мавриди зикр аст, ки  ноҳияи Муъминобод  ноҳияи аграрӣ буда,  фаъолияти аксар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба самти картошкапарварӣ нигаронида шудааст.

Ҳамасола нашъунамо ва ҳосили картошка дар ноҳия ба таври қаноатбахш арзёбӣ мегардад. Ҳамин аст, ки нархи картошка дар бозори марказӣ аз  4 сомон ба 1 сомонию 60 дирам  коҳиш ёфтааст. Зикр шуд, ки  нашъунамои картошка дар ноҳия  пурра ба роҳ монда шуда,  хочагиҳои деҳқонӣ  имсол ҳосили  дилхоҳ ба даст меоранд.

Ҳамзамон дар кохи фарҳанги ноҳия  мулоқоти меҳмонон  бо аҳли ҷамоати  ноҳияи Муъминобод  баргузор гардид.

Раиси ноҳия зимни ҷамъомад ба соҳибкорону  боғутокпарварон,  чорводорону   деҳқонони ноҳия  оид ба омодагиҳо барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳамагонро даъват намуд, ки то фарорасии ин ҷашни давлатӣ аҳлона ва садоқатмандона меҳнат намоянд. Зеро сарсабзию хуррамии ҳар гӯшаи диёр дар маҷмӯъ аз ободии Ватанамон башорат медиҳад.

Июнь 29, 2018 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад