ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво 39 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 11.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво 39 дараҷаро ташкил медиҳад.
Имрӯз, 11 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +10+ 15 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, танҳо дар бархе аз ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона +15+17 ва рӯзона +34 +36 дараҷа гарм мешавад.








ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






