Парлумони Тоҷикистон ба қонуни амният тағйиру иловаҳо ворид намуд

Июнь 13, 2018 16:05

ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Масъалаи мазкурро дар назди  вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров тавзеҳ дод.

Мавсуф баён дошт, ки мақсади ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ташкили фаъолияти дастгоҳи Шӯрои амният ҳамчун воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба  тобеияти функсионалии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронидани он маҳсуб меёбад.

Зикр шуд, ки лоиҳаи Қонуни Чумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи амният» аз ҷониби Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва дар робита бо дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

 

Июнь 13, 2018 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид