Пешвои миллат: «То ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ рушди ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода мешавад»

Июнь 28, 2018 10:33

ДУШАНБЕ, 28.06.2018  /АМИТ «Ховар»/. Мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Конибодом   суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар тантанаи   ҷашни Рӯзи  Ваҳдати миллӣ, ки дирӯз дар ин шаҳр  баргузор гардид,  гарму  самимӣ  истиқбол намуданд. 

Пешвои миллат дар ин суханронӣ, аз ҷумла, иброз доштанд, ки «се сол баъд, яъне 9-уми сентябри соли 2021 Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сисола мешавад. Дар давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишини мамлакат бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхона барои 10-15 кат, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, пулҳо ва роҳҳои дохилӣ, ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, дӯзандагиву ресандагӣ, косибӣ ва дар маҷмӯъ, рушди ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад».

Роҳбари давлат иброз доштанд, ки  «итминони комил дорам. ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла, сокинони бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Конибодом минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода низ ватандӯстиву ободгарӣ нишон медиҳанд».

 

 

Июнь 28, 2018 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад