Роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар таҷдиду навсозӣ мешавад

Июнь 20, 2018 14:35

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар таҷдиду навсозӣ мегардад. Хабарнигори АМИТ «Ховар»  хабар медиҳад, ки 20 июн аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Роҳравҳои ҲИМОМ (ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ)  2, 5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа)»-маблағгузории  иловагӣ баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Муовини аввали Вазири  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, ки санади мазкурро дар Парлумон шарҳ дод, гуфт, ки лоиҳаи мазкур таҷдид ва навсозии сохтмони роҳи мошингардро аз шаҳри  Душанбе то шаҳри Бохтар  ба масоҳати 73,2 км дар бар мегирад.

Мавсуф афзуд, ки татбиқи  лоиҳа ба  ду марҳила ҷудо карда шудааст.  Марҳилаи якуми лоиҳа 33,2 км роҳи мазкурро дар бар мегирад, ки ба он 96,4 миллион доллари амрикоӣ ҷалб  гардидааст.

Назар ба иттилои Ҷамшед Каримзода, барои амалӣ намудани марҳилаи дуюми лоиҳа 30 апрели соли 2018 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   Бонки Осиёии Рушд созишномаи маблағгузории иловагӣ –грантӣ ба андозаи 90 миллион  доллар  ба имзо расонида шуд.  Марҳилаи дуюми лоиҳа 40 км роҳро аз деҳаи  Чашмасорони ноҳияи Хуросон то шаҳри  Бохтар бо сохтмони як адад пул аз болои дарёи Вахш бо дарозии 330 метр дар бар мегирад.  Инчунин дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур 8 адад пул, 14 адад  чорсӯ ва гардишҳо, 18 адад истгоҳҳо ва павилйонҳо,  8 гузаргоҳи чорвогузар, се гузаргоҳ барои пиёдагардон, ки аз он як адад рӯизаминӣ ва ду адад зеризаминӣ аст, сохта мешаванд. Роҳи мазкур дорои чор хати ҳаракат буда,  паҳноии қисмати роҳ  аз 23 то  36  метрро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2018 оғоз ёфта,  то моҳи марти соли 2023 идома ёбад.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани самаранокӣ  ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути  минтақаҳои интихобшудаи роҳрави долонҳои 2, 5, 6-и барномаи ҲИМОМ  мебошад, ки пойтахти  кишвар- шаҳри Душанберо бо вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва кишварҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон,  назири  Афғонистон, Ӯзбекистон ва Чин мепайвандад.

Июнь 20, 2018 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд